Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» доир шуд

Май 5, 2018 12:14

ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Боғи «Ҷавонон»  ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» доир шуд. Хабарнигорони АМИТ “Ховар” Холисаи АСОМИДДИН ва Мақсудҷони МУҲИДДИН бевосита  ҷараёни ҳамоиши мазкурро муоина намуданд.   

Дар оғози ҳамоиши мазкур муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бори нахуст дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» баргузор мегардад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки  мардум  бештар  ба варзиш, солимгардонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим  рӯ оранд.

«Имрӯз  роҳбарону  кормандони ҳар як сохтор бо велосипед ба кор мераванду давоми рӯз аз он истифода мекунанд,  ки ин  ба саломатӣ, хароҷоти молиявӣ ва ба фазои экологии ҷумҳурӣ фоидаи калон мерасонад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин иқдом минбаъд низ дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандону ҷавонон анъана мегардад ва онҳо дар кори ҳамарӯзаи худ аз велосипед истифода мекунанд», — афзуд Р. Назарзода.

Ба андешаи мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев,  тадбирҳое, ки имрӯз андешида мешаванд, махсусан барои таҳкими тарзи ҳаёти солим равона шудаанд.

«Мо, ки тадбиқкунандаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳисоб меравем, тасмим гирифтем, ки бо мақсади таҳкими интихоби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа ва наврасону ҷавонон бо велосипед ба кор равем ва давоми рӯз дилхоҳ фаъолияте, ки берун аз макони корӣ пайдо мешавад бо велосипед ба анҷом расонем. Ин иқдом барои ҷомеа аз ҷиҳати саломатӣ ва вазъи иқтисодӣ манфиатовар мебошад»,- илова намуд З. Маҳмадуллоев.

Ҷонишини  Директор оид ба варзиш дар Мактаб-интернати варзишӣ Раҳматҷон Норматов баён намуд, ки дар ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» мактаббачаҳо бо шавқи беандоза иштирок менамоянд. “Мо масъулини соҳаи варзиш минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин намуди варзиш дар байни ҷомеа бештару беҳтар ба роҳ монда шавад”, — тазаккур дод Р. Норматов.

Давоми  рӯз дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳои ҳудуди ҷумҳурӣ сокинон ба таври васеъ ба ин намуди варзиш ҷалб карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 май дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» баргузор хоҳад шуд.

Май 5, 2018 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад