Дар Душанбе Анҷумани соҳибкорони «Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон-Ӯзбекистон» доир мешавад

Май 9, 2018 08:43

ДУШАНБЕ, 09.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 15 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони «Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон-Ӯзбекистон» доир мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати содироти минбаъдаи маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон равона шудаанд, арзёбӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ин ҳамоиш дар доираи сафари расмии  қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Май 9, 2018 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад