Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Май 25, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  Федератсияи  пойгаи равон ва бузкашии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 26  май  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и пойтахт  пойгаи аспдавонӣ  баргузор мегардад.

Тавре аз Федератсияи  мазкур  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16 — сола боло бо аспҳои 2 , 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе   байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  супорида хоҳанд шуд.

Май 25, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд