Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Май 18, 2018 15:28

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» баргузор шуд.

Тавре аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Форуми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  бо иштироки беш аз 100 нафар мутахассисони ҷавон гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода дар он иштирок намуда, дар оғоз ҳозиринро ба муносибати баргузории моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки пас аз чанд рӯз дар кишвар таҷлил карда мешавад, табрик намуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз дар роҳи ҳалли масъалаи ҷавонон дар тамоми солҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд. Дар ин радиф фаромӯш набояд сохт, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон  барои кулли ҷавонони кишвар туҳфаи фаромӯшнашванда ва ҳар як рӯзи соли сипаригашта саршор аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастоварду комёбӣ буд. «Тавре ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат таъкид гардид, ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад, баръакс ҳалли масъалаи вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти мо интихоб хоҳад гардид», – иброз дошт А. Абдуллозода.

Раиси Кумита дар идома аз мутахассисони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо даъват ба амал оварда, таъкид намуд, ки онҳо бояд дар партави сиёсати Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамзамон воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, роҳи дурусти тавсияи тафаккури миллӣ, таҳкиму устуворгардонии пояҳои давлатдории навини тоҷик ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеаро пеша намоянд.

Ҳамзамон, дар рафти форум намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар доираи мавзӯи мазкур маърӯзаҳо намуданд.

Бояд зикр кард, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ   баргузор карда шуд.

 

Май 18, 2018 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад