Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад

Май 25, 2018 12:12

ДУШАНБЕ, 25.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад, ки ба кори он намояндагони аҳли адаби ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон Туркия ва Россия даъват шудаанд.  

Дар робита ба ин дирӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимону муҳаққиқони мавлавишиноси Туркия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, шоир Аскар Ҳаким, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ ва ноиби президенти намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA)  Меҳмет Сурейа Йер, профессори Донишгоҳи Анқара Ҳиҷаби Кирлангич, профессори Донишгоҳи Кериккале Аднан Кара Исмаилоғлу, директори минтақавии Қуния оид ба кор бо дастхатҳо Бекир Шаҳин  ширкат доштанд.

Ёрмаҳмад Ниёзӣ доир ба омодагиҳо ба ҳамоиши дарпешистода маълумот дода, зикр кард, ки конфронси мазкур барои таҳқиқи осори Мавлоно заминаи хуб хоҳад гузошт.

Кароматулло Олимов дар бораи шахсият ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ изҳори андеша намуда, зикр кард, ки ин кофронс барои таҳкими дӯстӣ ва таҳқиқи илм нақши бузург мебозад. «Боиси хушнудист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси гузашта, махсусан ба мероси гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таваҷҷуҳи махсус доранд ва дар суханрониҳояшон нақши Мавлоно хело хуб таҷассум ёфтааст»,- илова намуд К. Олимов.

Меҳмет Суреййа Йер,   Али Темизел,  Аднан Кара Исмаилоғлу ва  Бекир Шаҳин оид ба нақши Мавлоно дар илму адабиёти ҷаҳонӣ ибрози назар намуда, зикр карданд, воқеан ҳам Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фарзанди Тоҷикистон аст, зеро ӯ бештари ҳаёти худро дар ин сарзамин гузаронидааст. Инчунин изҳори умед карда шуд, ки конфронси дар пешистода барои густариши равобити ду давлат дар самти мавлоношиносӣ ва мероси хатии он василаи хуб хоҳад буд.

Дар охир меҳмонон ва ҳозирин аз Гӯшаи Туркия дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дидан намуданд.

 

Май 25, 2018 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад