Дар Душанбе маҷаллаи «Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2017» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 майи соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ҷиҳати муаррифии маҷаллаи «Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2017» чорабинии махсус баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ муовини Вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насриддин, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Роҳбари Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ашита Миттал суханронӣ намуда, Сардори Ситоди Агентии номбурда Шамшод Хушвахтзода маҷаллаи «Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2017»-ро муаррифӣ намуд ва ба ҳозирин оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо шарикони байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла UNODC дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод.










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






