Дар Душанбе мушкилоти йоднокгардонии намак дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Май 30, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши ВАО дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар Душанбе бо ибтикори Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Одам» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии «Тоҷикстандарт», Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ВАО, инчунин коршиносони соҳа ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади таъмини босифати талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» баргузор шуда, зимни он мавзӯъҳои «Аҳамияти йод ба сифати яке аз микроэлементҳо», «Оқибатҳои манфии норасоии йод», «Вазъияти норасоии йод, дурнамои чаҳонӣ ва минтақа», «Вазъияти ғизо ва норасоии йод дар Тоҷикистон», «Таърихи йоднокгардонии намак», «Гузашта ва ҳозираи Тоҷикистон оид ба йодноккунии намак», «Назорат ва танзими истеҳсол ва фурӯши намаки йодноккардашуда аз ҷонибии Ҳукумат» ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар ҷамъомад зикр гардид, ки накши ВАО ҳамчун соҳаи фаъоли ҷомеа дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон назаррас мебошад.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки тарғиби саривақтии йодноккунии намак ба беҳтаргардонии саломатии сокинон мусоидат менамояд.

Май 30, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд