Дар Душанбе Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 4 май дар бинои Вазорати маориф ва илми мамлакат Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Венгрия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ба имзо расид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар маросими баимзорасонии Созишномаи мазкур иштирок дошт, хабар дод.
Қабл аз маросими мазкур мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто доир гардид.
Зимни мулоқот Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид вохӯрии баргузоргардидаро ҳамчун имконияти муносиб барои табодули афкори созанда доир ба масъалаҳои бароҳмонда, ҳамкории дуҷониба ва таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаи маориф ва илм миёни Тоҷикистону Венгрия арзёбӣ намуд.
«Мо фаъолгардонии муносибатҳои дуҷонибаро бо Венгрия дастгирӣ мекунем, — таъкид кард Н. Саид ва изҳори итминон намуд, ки созишномаи ҳамкории имзошуда дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ба омодасозиву такмили ихтисоси кадрҳо, муносибати мустақил миёни муассисаҳои олию таълимӣ ва илмии ҳарду давлат такони тоза мебахшад».
Дар навбати худ Петер Сийярто зикр намуд, ки ҷониби Венгрия тасмим гирифтааст, ки ҳамасола барои донишҷӯёни Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Венгрия 20 квота ҷудо намояд. «Мо чунин мешуморем, ки сармоягузории беҳтарин ин сармоягузорӣ ба ҷавонон аст. Ва мо ҷудо намудани ин стипендияҳоро ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи равобити Венгрияву Тоҷикистон арзёбӣ мекунем»,- изҳор дошт П. Сийярто.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Венгрия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳангро ба имзо расониданд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






