Дар Форуми IX иқтисодии остонагӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи соҳаи хизмати давлатӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 17 майи соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми IX иқтисодии остонагӣ доир гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода намояндагӣ кард.
Тавре аз Донишкадаи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш ректорони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ Доктор Макс Георг Майер дар шаҳри Остона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳое, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, бо роҳи ташкили барномаҳои омўзишӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами соҳаи хизмати давлатӣ барои дастгирии кишварҳои минтақа равона мегарданд, табодули андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ миёни ташкилотҳои иштирокчӣ, муносибатҳои шарикӣ бо ҷамъиятҳои коршиносон, марказҳои илмию таҳқиқотӣ ва муасисаҳои олии таълимии ҷаҳон, ташкили таҳсили дарозмуддати хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷ, расонидани кумаки техникӣ ва хизматрасонии машваратӣ, ташкил ва гузаронидани семинар — омӯзишҳо, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ ва таҳлилҳо дар соҳаи рушд ва таҳкими хизмати давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Иштирокдорон зикр намуданд, ки ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум барои вусъат додани ҳамкории судманд бо академияҳои идоракунии давлатии минтақа ва омӯзиши таҷрибаи донишгоҳу донишкадаҳои олии пешрафтаи хориҷа дар самти азнавтайёркунии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда, омили муҳими наздикшавии фарҳангии давлатҳо ва халқҳои минтақа мегардад.










Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






