Дар Хатлон 33 нафар донишҷӯён соҳиби стипендияи раиси вилоят гардиданд

Май 29, 2018 12:17

БОХТАР, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Бохтар  ҷаласаи  навбатии  Шӯрои  кор бо  ҷавонони вилояти Хатлон  баргузор гардид. Дар ҷаласа  роҳбарони ташкилоту  идораҳои вилоятӣ,  мудирони бахши кор бо  ҷавонони  шаҳру  навоҳии вилоят,  аъзои Шӯрои мазкур ва ҷавонони фаъол иштирок  намуданд.  Кори ҷаласа таҳти роҳбарии  муовини раиси  вилояти Хатлон  Махфират Хидирзода  ҷараён гирифт.

Мавсуф  иброз дошт, ки дар вилоят давоми панҷ  моҳи сипаришуда  дар  самти кор бо  ҷавонон  амалҳои зиёд  ба  сомон  расонида  шуданд.  «Ҳар  як  иқдом вобаста  ба  ободонӣ ва  пешрафти  кор  ҳамеша  аз тарафи  роҳбарияти вилоят  дастгирӣ меёбад. Мо кӯшиш дорем, ки диққати ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ  ва  истифодаи технологияи  муосир равона намоем, зеро ин амал ба манфиати онҳо буда,  ба  рушди  иқтисоди кишвар  низ мусоидат мекунад»,-баён дошт М. Хидирзода.

Дар  ҷаласа  ба  як  гурӯҳ  ҷавонони  фаъол  Ифтихорномаи раиси вилоят тақдим  гардида,   ба 33  нафар донишҷӯён   стипендияи  раиси  вилояти Хатлон  супорида  шуд.

Май 29, 2018 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад