Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонон байни ниҳодҳои қудратию низомӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол оғоз ёфт

Май 5, 2018 10:24

ХОРУҒ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонон байни дастаҳои сохторҳои қудратию низомӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол оғоз гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед иштирокдорони мусобиқаро бо Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳардуи ин ҷашн бо ҳам пайвастагии зич доранд.

Ш. Ҷамшед аз ширкати фаъоли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус занону духтарон дар чорабиниҳои варзишӣ хуш истиқбол карда, баён дошт, ки  чунин мусобиқаҳои оммавӣ ба фикру ақида, рафтору пиндори ҷавонон таъсири мусбат мегузоранд ва назари онҳоро нисбат ба зуҳуроти зишти ҷомеа ба мисли терроризму экстеримистӣ, нашъамандию нашъҷаллобӣ комилан тағъир медиҳанд.

Зикр шуд, ки агар ҷавонон дар чунин ҳамоишҳои оммавӣ бештар ширкат варзанду бо ҳам дидору мулоқот кунанд, ҳамон қадар риштаи дустӣ байнашон мустаҳкамтар мешавад ва ҳеҷ қуввае наметавонад онҳоро ба манфиати ғаразҳои шахсии худ истифода барад.

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Маҳмадқул Мелеков аз ҷавонон даъват намуд, ки бештари вақти худро ба андӯхтани дониш ва солимии ҷисму рӯҳ  масраф намоянд. Зеро танҳо дониш, маҳорату малакаи варзишию фарҳангии ҷавонон ба пешрафти риштаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар мусобиқаи варзишӣ ҳафт дастаи занона аз Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, РВКД, Қушунҳои сарҳадӣ, Прокуратура, Суд, Комиссариати ҳарбӣ ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ширкат меварзанд. Ғолибони мусобиқаро мукофотҳои арзишнок интизор аст.

Май 5, 2018 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад