Дар Ҳисор озмуни «Шаҳраки ҳунармандон» идома дорад
ҲИСОР, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Миёни сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳунари волои ниёгон, анъанаҳои миллӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва дарёфти беҳтарин ҳунармандон озмуни шаҳрии «Шаҳраки ҳунармандон» баргузор гардида истодааст. Дар ин бора аз бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Миҷгона Каримова зикр намуд, ки дар ҷараёни ин чорабиниҳо ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳунарҳои пӯхтани маҳсулоти нонӣ, омодакунии таъомҳои миллӣ, қолинбофӣ, пиликбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурзанӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастии худро муаррифӣ менамоянд.
Тибқи иттилои масъулин, озмуни «Шаҳраки ҳунармандон» дар ду давр гузаронида мешавад ва дар ҷамъбасти Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар чойхонаи «Харбуза»-и шаҳри Ҳисор ғолибони озмун бо сипосномаҳо ва туҳфаи хотиравии омодакардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қадрдонӣ мешаванд.













Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






