Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Покистон мулоқот ороста шуд

Май 29, 2018 17:00

 ДУШАНБЕ, 29.05.2018./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз мулоқоти роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти сарварии Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши ин кишвар генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят баргузор гардид.  

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва зимнан зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистону Покистон аз қадимулайём дӯсту бародар буда, риштаи дӯстиву рафоқати онҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид. Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистон ба василаи асноди қарордодиву ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудаанд.  Дар замони Истиқлолияти давлатии кишварамон байни давлатҳои Тоҷикистон ва Покистон беш аз 50 санади муҳим ба имзо расидаанд.

Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят барои пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи ҷанбаҳои гуногуни кишварамон маълумоти мухтасар дода, афзуд, ки ҷониби Покистон ҷиҳати рушду нумӯ ва ривоҷу равнақ пайдо кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ манфиатдор буда, барои ҳамкорӣ дар роҳи дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳамеша омода аст.

Сипас ҷаноби Зубайр Маҳмуд Ҳаят ва ҳамроҳони ӯ ба саволҳои кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар поёни ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ба ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон барои суҳбати пурмазмуну муфид арзи сипос намуда, мулоқотро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кард.

 

 

 

Май 29, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд