Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Боғи фарҳангиву фароғатӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Боғи фарҳангиву фароғатӣ бунёд мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни гузоштани санги асоси Боғи фарҳангиву фароғатӣ раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки барои беҳбудии шароити зисту зиндагии мардум то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабу кӯдакистонҳои садамавӣ бартараф гардида, инчунин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бо тарзу услуби замонавӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
Сохтмони боғро ҶДДМ «Барқарор» ба зимма дошта, нақша дорад, ки дар боғ фаввораи муосир, майдончаи бозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд намуда, дар ин макон барои истироҳати калонсолону кӯдакон тамоми шароитро фароҳам орад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






