Дар ноҳияи Мастчоҳ толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» бунёд мегардад

Май 16, 2018 10:12

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ ба сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» оғоз бахшида шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» барои 400 нафар пешбинӣ гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳалли бунёди толори варзишӣ бо теъдоди зиёди варзишгарон ва фаъолони шаҳраки Бӯстон суҳбат намуда, иброз дошт, ки дар доираи «130 рӯзи меҳнати зарбдор», ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти варзишӣ ҷараён доранд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо теъдоди варзишгарон бамаротиб хоҳад афзуд.

Ҳамчунин бо иштироки Раиси вилоят дар шаҳраки Бӯстон як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бунёд Исмоилов бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозиҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шудааст. Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва ҷалби ҷавонон ба варзиш шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба чанде аз варзишгарон лавозимоти варзишӣ туҳфа кард.

Май 16, 2018 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад