Дар ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқа оид ба футболи хурд ҷамъбаст гардид
РӮДАКӢ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқаро оид ба футболи хурд байни корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ноҳия, ки ба Рӯзи ҷавонон бахшида шуда буд, ҷамъбаст намуданд.
Тавре аз мақомоти мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар даври финалии мусобиқа дастаи Коллеҷи фарҳанги ноҳия ва Коллеҷи техникӣ- омӯзгорӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ин бозӣ дастаи Коллеҷи техникӣ – омӯзгории ноҳия ғолиб омада, сазовори Ҷоми раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали раиси ноҳия Рустам Акрамзода иброз дошт, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади иҷрои Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ва тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш миёни аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон ба роҳ монда шудааст. Номбурда таъкид намуд, ки бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша барои рушди футбол ва пайдо намудани истеъдодҳои нав дар ноҳия то андозае шароит муҳайё гардидааст.









Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






