Дар ноҳияи Шуғнон дониши довталабони квотаи президентӣ санҷида шуд

Май 31, 2018 11:39

ХОРУҒ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Литсеи техникии деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон бо ширкати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дониши довталабоне, ки мутобиқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ шомил мешаванд, санҷида шуд.

Узви гурӯҳи корӣ Лутфулло Ниёзов гуфт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо мақсади таъмини ин ё он деҳоти дурдаст бо мутахассисони варзида, ҳамчунин ҷалби ҳарчи бештари духтарони манотиқи кӯҳистони кишвар ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ омӯзиш тавассути квота муқаррар карда шуд. Баъдан барои писарон низ чунин имтиёз муқаррар гардид. Ҳоло  бештар аз 20 сол боз ин қарор амал мекунад ва давоми ин солҳо садҳо нафар  аз духтарону писарони  деҳоти дурдаст соҳиби ихтисос гардида, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Довталабоне, ки имрӯз холҳои аз ҳама бештар гирифтанд, ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ бе супурдани имтиҳони тестӣ дохил шуда, дар давоми таҳсил бо идрорпулӣ ва хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Бар ивази ин ғамхорӣ довталаб бояд баъди хатми донишгоҳ се сол дар маҳали зисти худ мувофиқи  касбаш кор кунад.

«Соли равон барои хатмкунандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шуғнон 17 ҷой- барои 9 духтар ва 8 писар пешниҳод гардид, аммо шумораи довталабон барои ба даст овардани квотаи президентӣ то ба 80 нафар расид. Аз як ҷиҳат ин хуб аст. Зеро намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар имкон доранд, ки аз миёни онҳо беҳтаринҳоро интихоб намоянд»,-изҳор дошт Лутфулло Ниёзов.

Санҷиши донишу истеъдоди довталабон  дар ҳузури волидон  баргузор гардида, худи ҳамон рӯз ҷамъбаст гардид. Муъминшо Муъминшоев, ки духтараш нисбат ба дигарон холи бештар гирифта, шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гардид, аз тарзи  санҷиши дониши довталабон изҳори қаноатмандӣ кард. Мавсуф гуфт, ки «мо, волидон ҳам дар ҷараёни санҷиш ва ҷамъбасти холҳо ширкат намудем. Воқеан санҷиш ба таври ошкоро ва шаффоф гузашт».

Санҷиши дониши довталабони квотаи президентӣ дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

Май 31, 2018 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст