Дар шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли тракторҳо ба истифода дода мешавад
ҲИСОР, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли тракторҳо ба кор шурӯъ хоҳад кард. Корхонаи мазкур ҶСП «Агротехсервис» ном дошта, фаъолияти худро дар самти истеҳсоли механизмҳои кишоварзӣ, машинаҳои ғаллағундор ва тракторҳо ба роҳ хоҳад монд. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Ҳотам РАБИЕВ бо истинод ба суханони Пайрав САЙФИДДИНОВ, мутахассиси бахши саноат, сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, пас аз ба истифода додани корхона 43 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Қисмҳои гуногуни трактор аз Ҷумҳурии Беларус оварда шуда, дар корхонаи мазкур васлу насб мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол то сол рушду густариш меёбанд. Корхонаи истеҳсоли трактор дар шаҳри Ҳисор натиҷаи ҳамкории пурсамари ду давлати ба ҳам дӯст мебошад.
Бояд гуфт, ки рушди соҳаи кишоварзиро бидуни техникаи муқтадири ҳозиразамон тасаввур кардан имконнопазир аст. Бинобар ин корхонаи мазкур дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб хоҳад гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






