Дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ оид ба фаъолияти хизматӣ дар семоҳаи якуми соли 2018 ҷаласа баргузор шуд

Май 5, 2018 11:32

ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се моҳи соли 2018 ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ 16 амалиёти махсус баргузор карда, дар ҳамкорӣ бо онҳо 485 кг 787 гр  маводи нашаъдор, аз ҷумла 45 кг 848 гр героин,  131 кг 051 гр афюн,  235 кг 988 гр ҳашиш, 72 кг 900 гр бангдона (канабис) ва 125 кг 850 гр прекурсорҳоро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадӣ М. Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинон, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, отрядҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар се моҳаи якуми соли 2018 баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, ки дар давраи семоҳаи аввал бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 7 маротиба задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа 3 нафар қочоқчӣ нобуд ва 10 нафари дигар дастгир карда шуданд. Нӯҳ маротиба убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ 165 нафар, аз ҷумла 140 нафар шахсони дар рӯйхати кофтуков қарордошта дастгир шуда, пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.

Дар ҷаласа камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима гардида, барои бартараф намудани онҳо аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сардорони Раёсатҳо, отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳо оид ба иҷро намудани чорабиниҳои банақшагирифташуда, инчунин роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкунӣ, мустаҳкамии муҳофизати сарҳад супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Май 5, 2018 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад