Дар Суғд собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамсарони бесаробонмондаи сарбозони ҳалокгардидаро қадрдонӣ мекунанд

Май 1, 2018 11:41

ХУҶАНД. 01.05.2018. /АМИТ  «Ховар»/. Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 73 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд чорабиниҳои мухталиф ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев иттилоъ дод, вобаста ба ин сана қарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, баҳри посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ  9 май дар қаламрави вилоят Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ботантана таҷлил карда мешавад.

Инчунин бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи сарбозони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба ҳар яки онҳо ба маблағи 1500 сомонӣ ва ба шахсони ба ин қатор барорбаргашта, аз ҷумла нафарони дар ақибгоҳ фидокорона хизматнамуда ба маблағи 1200 сомонӣ кумакпулии яквақта тақдим карда мешавад.

Ба иттилои Шавкат Алиев, дар доираи таҷлили Рӯзи Ғалаба гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва ташкили «Қаровули фахрӣ» аз ҳисоби хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи маркази вилоят пешбинӣ шуда, дар муасисасаҳову ташкилотҳо мулоқоту вохӯриҳо бо иштирокчиёни  ҶБВ доир мегарданд.

Инчунин ба гуфтаи Шавкат Алиев, давоми чанд сол аст, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ дар як сол ду маротиба ба хизматрасонӣ ва дорувории ройгони тиббӣ, ҷалб гардида, ғайр аз ин ба онҳо аз соли 2003 инҷониб роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои миқёси вилоят дода мешаванд.

Соли гузашта тибқи дастури раиси вилоят, ба ҷои 33 нафар 74 нафар иштирокчиён, шахсони дар ақибгоҳ хизматнамуда ва собиқадорони меҳнат ба осоишгоҳҳо ҷалб карда шуданд. Аз оғози соли равон то имрӯз 50 нафар ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти манбаъ, соли равон аз шумораи умумии иштирокчиёни набардҳои ҷанг, ки ҷавонтарини онҳо 92-сола мебошад, ду нафарашон ба синни 100-солагӣ расидаанд. Дар умум, ҳоло дар вилоят 101 нафар иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945 (аз он 1 нафар зан) ва 4 нафар ҳамсарони бесаробонмонда ва 467 нафар шахсони дар ақибгоҳ хизматкарда иқомат дошта, ҳар яки онҳо ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бархӯрдоранд.

Шавкат Алиев илова намуд, ки 8 май қабули расмии раиси вилоят бо 85 нафар иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят доир мегардад.

Май 1, 2018 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад