Дар Тоҷикистон 20 май Дави миллӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар саросари мамлакат сурат мегирад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол ин рӯз ба 20 май рост омада, он дар шаҳри Душанбе соати 08:00 оғоз мегардад.
Масофаи Дави миллӣ зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз мегардад ва иштирокдорон тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бо дарназардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он, рӯзи 19 май соати 9:00 дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки соли гузашта маросими Дави миллӣ бо иштироки зиёда аз 51 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногуни шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар интиҳо ба ғолибон медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар Дави миллӣ иштирок намуданд ва пас аз он аз соли 2007 инҷониб Дави миллӣ ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






