Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 18 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ду мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис «The 2nd Open Tennis Tournament of Tajikistan» (дуюмин мусобиқаи кушоди теннис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва «The Cup of Tajikistan Tennis Federation» (Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон) баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои мазкур, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида мешаванд, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мегарданд.
Дар ин мусобиқаҳои байналмилалӣ иштироки намояндагони беш аз 15 давлати хориҷӣ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






