Дар Тоҷикистон минбаъд пардохти андозҳо тавассути кортҳои бонкӣ ба таври онлайн амалӣ хоҳад шуд

Май 3, 2018 11:31

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани қабули андозҳо ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути шабакаи Интернет лоиҳаи муштарак амалӣ гардонид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият медиҳад, ки минбаъд маблағҳои андозиро ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд. Инчунин, татбиқи Интернет-эквайринг имконият медиҳад, ки андозсупорандагон тавассути сомонаи Кумитаи андоз дар шабакаи Интернет андозҳоро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, бо роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имкон пайдо карданд, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта тамоми намуди андозҳоро бе ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ пардохт намоянд.

Ба ҳолати имрӯза шумораи андозсупорандагон аз ҳисоби шахсони воқеӣ 4 млн. адад ва соҳибкорони инфиродӣ беш аз 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дорандагони кортҳои пардохтии НП «Корти миллӣ» беш аз 1,4 млн. нафар буда, 83 фоиз аз шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки пардохти андозҳо ба тариқи онлайн дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо нишони – www.andoz.tj дастрас мебошад. Муштариён ба қисмати дахлдори сомона ворид мешаванд, рақами мушаххаси андозсупорандаро (РМА)-ро ҳуруфчин намуда, намуди андоз ва маблағи пардохтшавандаро интихоб мекунанд. Сипас, мушаххасоти корти пардохтиро ворид карда, пардохтро тасдиқ менамоянд. Дар давоми рӯз тамоми пардохтҳо дар реҷаи онлайн коркард мешаванд ва пардохтҳое, ки дар вақти ғайрикорӣ иҷро мегарданд, дар рӯзи минбаъда коркард хоҳанд шуд.

«Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро вусъат бахшида, дар баробари ин барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои мусоир мусоидат намоянд», — омадааст дар хабари БМТ.

Май 3, 2018 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид