Дар Тошканд масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.018 /АМИТ «Ховар»/. 11 майи соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ бо Раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрие, ки дар фазои гарми дӯстона ҷараён ёфт, масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафир ба Раис даъватномаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуровро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон супурд, ки он бо арзи сипос қабул гардид. Таърихи сафари мазкур аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






