Дар Вазорати тандурустӣ «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Доир ба татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкурро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода раисӣ намуда, дар кори он кормандон ва сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар ва мутахассисони созмонҳои байналмиллаливу шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, М. Камолзода зимни суханронии худ аз дасгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба табақаҳои эҳтиёҷманди кишвар, бахусус тоифаи маъюбон изҳори қаноатмандӣ ва хушҳоли намуда, иброз намуд, ки «имрӯз вобаста ба дастгирии эҳтиёҷмандону маъюбони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои амалии зиёде роҳанзодӣ гардидаанд».
Ҳамчунин дар кори ҷаласа вобаста ба рафти татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва тасдиқи нақшаи якҷояи амалигардонии ин барнома маърӯзаҳо шунида шуда, роҷеъ ба ин ва дигар мавзӯоти марбут ба соҳа мубоҳиса сурат гирифт.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






