Дар вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор — 2018» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти «Кӯкнор-2018» бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои худрӯй гузаронида мешавад.
Бояд зикр кард, ки бо ин мақсад Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2018» тасдиқ гардида, ташкили ситодҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






