Дар вилояти Суғд сайди моҳӣ ва парваришу нигоҳдории он ба низом дароварда мешавад
ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи моҳипарварӣ аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ки дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд, боздид намуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои «Моҳии тоҷик», «Моҳипарвари Гулистон» ва «Ҳақ» аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда, барои рушди соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ба иттилои манбаъ, дар чор моҳи соли равон ҳаҷми маблағи аз моҳипарварӣ бадастомада зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил дода, аз 100 фоизи нақша 53,1 фоиз иҷро шудааст. Инчунин, дар ин давра дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 9,3 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида, ки 17,5 тоннаро ташкил медод, қариб як маротиба камтар мебошад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт, инчунин Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва сохторҳои қудратӣ дастур дод, ки сайди моҳӣ ва парваришу нигоҳдории он ба низом дароварда шавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






