Дастаи футболи «Хуҷанд» бо 23 имтиёз пешсафи ягонаи Лигаи олии Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии даври 10-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душабе бо ҳузури 8500 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд анҷом ёфт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин аввалин бохти дастаи футболи «Истиқлол» дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад.
Дастаи «Хуҷанд» бо роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов баъди ин пирӯзӣ бар рақиби аслиаш дастаи «Истиқлол» дар ҷадвали мусобиқа бо 23 имтиёз пешсафи ягона шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол», ки нисбат ба дастаи «Хуҷанд» се хол камтар гирифта, як бозӣ камтар кардааст, дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар бошад, бо 13 имтиёз мақоми сеюмро касб намудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






