Дмитрий Медведев: «Гардиши мол миёни Россия ва Тоҷикистон бояд афзоиш дода шавад»
ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тамоюли афзоиши гардиши мол миёни Россия ва Тоҷикистон бояд устувор карда шавад,- иброз дошт сарвазири Россия Дмитрий Медведев. Дар ин бора агентии «Спутник» хабар медиҳад.
«Дар маҷмӯъ, зикр намудем, ки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни кишварҳоямон рушд меёбанд», — гуфт Д. Медведев.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми гардиши мол соли гузашта ба таври зарурӣ афзоиш наёфт. «Вале дар семоҳаи аввали соли равон афзоиши баръалои он – 20 дарсад ба назар расид. Ин тамоюл бояд ҳатман устувор карда шавад», — таъкид дошт Медведев.
Ӯ иброз намуд, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вобаста ба икдомҳои минбаъда оид ба рушди содирот ва фаъолгардонии корҳо дар лоиҳаҳои амалкунанда ба мувофиқа расиданд.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






