Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Андиҷон байни ҳам созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Май 7, 2018 14:53

ХУҶАНД. 07.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади заминагузори ба табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати таълим ва ҳамзамон қавӣ гардидани робитаи дӯстӣ ва пайдо намудани шиносоии бештар аз фарҳангу тамаддуни байниҳамдигар, дирӯз намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Заҳриддин Муҳаммад Бобур ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, зимни мулоқоти судманд роҳбарияти ду донишгоҳ аз сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат вобаста ба робита ва ҳамкорӣ миёни ду халқи ба ҳам дӯст ва бародар ёдовар гардида, зикр намуданд, ки имрӯз байни Тоҷикистону Ӯзбекистон анқариб дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ рӯз аз рӯз қавитару мустаҳкам гардида истодааст.

Дар аснои мулоқот ректори ДДХ профессор Ҷамшед Ҷӯразода зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз бо ду донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Фарғона шартномаи ҳамкорӣ дошта, ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ ва табодули таҷриба бо дигар донишгоҳҳои ин кишвар низ омодааст.

Бахтиёр Расулов, муовини  ректор оид ба корҳои илми Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Заҳриддин Муҳаммад Бобур дар навбати худ аз пешвоз ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, баён дошт, ки ҳамкории ду донишгоҳ метавонад ба рушд ва табодули таҷрибаи олимону донишҷӯён заминаи қавӣ гузорад.

Миёни ду донишгоҳ  созишнома оид ба  ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мувофиқи он, минбаъд донишҷӯён ва магистрантони ҳарду донишгоҳ метавонанд дар донишгоҳҳои якдигар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ намоянд.

Дар интиҳои мулоқот роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун рамзи дӯстӣ ба намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷон маҷмӯаи асарҳои асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро тақдим намуд.

Май 7, 2018 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад