«Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!» — сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Май 14, 2018 15:56

 ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!»-таҳти чунин шиор XXXX Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 13 майи соли 2018 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ ифтитоҳ гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳадафи чорабиниро дар ҷалб ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба корҳои илмӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки хонандагон давоми сол бо олимони барҷастаи тоҷик тарзу усули омода намудани гузоришҳо, корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва маърӯзаҳо намуданро меомӯзанд.

Ба андешаи номбурда, Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ барои омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин барои такмил додани фаъолияти илмии муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳо дар оянда мусоидат намуда,  имконият медиҳад, ки ба сафи Академияи хурди илмҳо неруи нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҷалб карда шавад.

Дар сессия ноиби президенти АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон, муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҶТ Қодири Қосим, Роҳбари Маркази илму фарҳанги Россия дар Тоҷикистон Михаил Вождаев ва дигарон суханронӣ намуда, наврасонро барои андӯхтани илму маърифат ҳидоят карданд.

Май 14, 2018 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад