ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 май сокинони Тоҷикистон заминларзаи шадидро эҳсос намуданд.
Заминларза тақрибан соати 15:40 ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шуд. Маркази он дар километри 296-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ва километри 56-уми самти ҷануби нуқтаи аҳолинишини Хоруғ дар умқи 116 километр ҷойгир буд. Ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо дар Баҳри Миёназамин, шиддатнокии заминларза дар маркази он 6,2 баллро ташкил дод.
Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Душанбе қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 4-5 баллро ташкил дод.
Ба иттилои ВАО, заминларзаро сокинони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон ва як зумра штатҳои Ҳиндустон низ эҳсос кардаанд.
Дар айни замон дар бораи осебдидагон ва хисорот маълумот нарасидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






