ФУТБОЛ: ғалабаи «Барқчӣ» бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар

Май 22, 2018 10:42

ДУШАНБЕ, 22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  футболи  «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар даври 9-уми Лигаи олии мамлакат дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро дар майдони худ  қабул кард. Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи   дастаи футболи  «Барқчӣ» анҷом ёфт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ягона голи ин вохӯриро ҳамлавари дастаи футболи  «Барқчӣ»   Ваҳдат Ҳанонов ба ҳадаф расонида, аввалин пирӯзии дастаашро дар мавсим таъмин намуд. То ин замон шогирдони Мубин Эргашев дар 7 бозии пай дар пай ба бохт дучор мешуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар бозии дигари даври 9-уми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи  футболи «Хуҷанд» дар хонааш дастаи «Кӯктош»-ро бо бартарии 2:0 шикаст дод. Голҳои ин дидорро Ҷаҳонгир Эргашев ва Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расониданд.

 

 

Май 22, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд