ФУТБОЛ: баъди пирӯзӣ дастаи «Кӯктош» ба зинаи сеюми ҷадвал баромад
ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври 10-уми Лигаи олии мамлакат дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро қабул намуд. Рақобат байни ин дастаҳо ҷолибу тамошобоб сурат гирифта, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо дарёфти 15 имтиёз ба зинаи сеюми ҷадвал баромад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии 10-уми Лигаи олӣ футболбозони КМВА «Помир» дар майдони худ дастаи футболи «Барқчӣ»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Ҳамчунин дар даври мазкур рақобати байни дастаҳои футболи «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» бо ғолибияти бозингарони шаҳри Турсунзода, бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






