Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи 6-уми байналмилалии HIPPO дар шаҳри Венетсияи Италия иштирок намуданд

Май 16, 2018 15:38

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 12 то 13 майи соли равон дар шаҳри Венетсияи Ҷумҳурии Италия Олимпиадаи 6-уми байналмилалии HIPPO аз забони англисӣ доир гардид. Дар даври аввали олимпиада аз 30 давлати дунё 23 ҳазор довталаб ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ 114 нафар роҳхат гирифтанд

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар даври ниҳоии олимпиада Дилноза Нуралиева — хонандаи синфи 5-и Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фариза Сатторова- хонандаи синфи 6-и мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд, Александр Читян — хонандаи синфи 8-и Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе, Исматулло Раҳимов — хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе намояндагӣ намуда, барои ғолибият дар ду даври олимпиада бо медал ва ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хонандаи Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе Александр Читян дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардида, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Бояд зикр намуд, ки ғолибони олимпиадаро 15 майи соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

Май 16, 2018 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад