Худ ва наздиконатро эҳтиёт намо!
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҷавонону наврасон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе тренинги омӯзишии сайёр таҳти унвони «Худ ва наздиконатро эҳтиёт намо!» баргузор намуда истодааст. Ин иқдом аз ҷониби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз қабили бемориҳои ВНМО/БПМН (ВИЧ/СПИД) ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни насли ҷавон гузаронида шуд.
Зимни ҳамоиш волонтёрон ба сокинони пойтахт ва ҷавонону наврасон маводи иттилоотӣ тақсим намуда, ба онҳо хатари бемориҳои сироятиро фаҳмониданд.
“Дар тренинги мазкур даҳҳо нафар сокинон, ҷавонону наврасон ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд. Миёни иштирокдорон нафароне буданд, ки аз мавҷудияти чунин бемории хатарнок бехабар буданд. Мақсади асосии мо пешгирии аҳолии кишвар аз бемориҳои ВНМО/БПМН мебошад”,-зикр намуд волонтёри фаъоли Кумита Эраҷ Шарипов.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш муддати се рӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе баргузор мегардад.











ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






