Игор Поканевич, Роҳбари намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон: «Эмомалӣ Раҳмон ба саломатии миллати худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд»
ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсоне мебошанд, ки ба саломатии миллати худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин хотир барои саҳми намоёнашон дар ин самт аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) бо Ҷоизаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин нуктаро Роҳбари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Игор Поканевич имрӯз зимни нишасти матбуотие, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку таҳти унвони «Саломатиро азиз доред, на тамокуро» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, номбурда дар идомаи сухан оид ба зарари истеъмоли тамоку ва пайомадҳои он ҳарф зада, гуфт: «Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки ба хотири маҳдуд намудани истеъмоли тамоку қонуни махсус қабул намуд ва ин қонун пас аз қабул гардидан дар Парлумони мамлакат фавран аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин нишондиҳандаи он аст, ки он кас ба саломатии миллати худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд».
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамиддин Камолзода гуфт: «Нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» 2 январи соли 2018 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Таҳрири нави ин қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, он истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд».
Зикр шуд, ки истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти аҳолӣ ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 5,5 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд.
Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотии мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии «Тоҷикстандарт», Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






