Имомуддин Сатторов дар Москва бо Дмитрий Мезентсев мулоқот кард

Май 19, 2018 12:06

ДУШАНБЕ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумита оид ба сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Россия Дмитрий Мезентсев мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаҳои муҳим табодули афкор сурат гирифт. Таваҷҷуҳи махсус ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахши истифодаи захираҳои обӣ дода шуд.

И. Сатторов ба ҷониби Россия дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», инчунин ҳадафҳо аз баргузории он, иттилоъ дод.

Д. Мезентсев итминон дод, ки ҷониби Россия дар Конфронси мазкур иштироки фаъол хоҳад кард.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси 2-юми умумироссиягии обро, ки 5-7 июни соли 2018 дар Москва барпо мегардад, муҳокима карданд.

 

Май 19, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид