Имрӯз дар «Боғи Ирам» бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи консертӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 майи соли равон соати 18:00 дар амфитеатри Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи консертӣ баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар барномаи консертӣ яккасарои Кумитаи телевизион ва радиои миллии Ҷумҳурии Озорбойҷон, Дорандаи Шоҳҷоизаи 5-умин Озмуни ҷумҳуриявии муғом ва Шоҳҷоизаи 6-умун Фестивал-озмуни муғом дар Озарбойҷон Алмахонум Аҳмадлӣ, номинанти Ҷоизаи байналмилалии «Грэмми-2006» Тоҳирҷон Ҷӯраев, ҳунарпешагони ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, омӯзгорони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода ва ансамбли рақсии «Базморо» иштирок хоҳанд кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






