Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ» мизи мудаввар доир шуд

Май 4, 2018 13:22

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз дар Кумитаи Олимпии ҷумҳурӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ» доир шуд. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумиати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Дилноза Аҳмадзода, муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода, намояндагони Вазорати фарханги мамлакат ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Дилноза Аҳмадзода сухан карда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли гузашта соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Зеро соҳаи сайёҳӣ дар солҳои охир яке аз соҳаи сердаромади иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, он дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ҷиҳати рушди маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ мусоидат менамояд.

«Имрӯз дар Тоҷикистон ба масъалаҳои инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, ин иқдом ҳанӯз аз солҳои соҳибистиклолии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эълони дарҳои боз  равобити байналмилалии мамлакатро тақвият бахшиданд, ки ин сиёсат имрӯз низ бомуваффақият идома дорад»,- гуфт Д. Аҳмадзода.

Ба андешаи номбурда, имрӯз Тоҷикистон метавонад бо дастовардҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ имиҷи сайёҳии хеш ва сатҳи иқтисодиёти миллиро баланд бардорад. Тибқи таҳлилҳо, ҳамасола давлатҳои пешқадами ҷаҳон  танҳо аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ аз 2 то 5 милиард доллари ИМА даромад ба даст меоранд. Дар  баъзе кишварҳо бошад беш аз 80 фоизи буҷаи давлатро даромад аз ҳисоби хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ  ташкил медиҳад.

Имруз бо талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд вусъат дода мешаванд. Соли 2017 бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ширкатҳои сайёҳӣ дар давоми 5 сол аз андоз озод гардиданд. Дар баробари ин барои боз ҳам усувор гардонидани инфрасохтори сайёҳии кишвар, мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалӣ вордшавии тамоми таҷҳизоте, ки ба соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст аз андози арзиши иловашуда озод карда шуданд.

Ҳамчунин муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулло Амирбекзода иброз дошт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис  дода шуд. Аз лаҳзаи аввали таъсисёбӣ Кумиатаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат тамоми кӯшишҳоро барои рушди соҳа, ҷалби бештари сайёҳони дохилу хориҷи мамлакат равона сохта истодааст.

Ба гуфтаи Ҳ. Амирбекзода, Кумитаи рушди сайёҳӣ дар  муддати кӯтоҳ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, хатсайрҳои муайянро таҳия намуд. То имрӯз зиёда аз 105 ширкатҳои сайёҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳамкорӣ бо онҳо захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар  дохил ва хориҷи мамлакат муаррифӣ карда мешаванд.

Май 4, 2018 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст