Имрӯз дар лагери тобистонаи соҳили обанбори Қайроққум олимпиадаи байналмилалӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 29.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии таълимӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ (менталӣ) «GENIUSKID-ASIA 2018» баргузор мешавад.
Ташкилкунандаи олимпиада Академияи арифметикаи зеҳнии «Империяи дониш» /«Империя знаний»/ — шарики маркази «Абакус»-и Россия, узви Ассотсиатсияи байналхалқии «Pama Global Abacus and Mental Association» мебошад.
Олимпиада аз 29 май то 4 июни соли равон дар лагери тобистонаи Бонки миллии Тоҷикистон «Шоҳин» дар соҳили обанбори Қайроққум баргузор мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати олимпиадаҳо ва санҷишҳои Академияи «Империяи дониш» соли 2017 мизбони ин олимпиада гардид. Академияи мазкур дар олимпиадаҳои арифметикаи зеҳнӣ дар Қирғизистон, Москва ва Африқои Ҷанубӣ ширкат варзид. Ҳамчунин «Империяи дониш» ҳамчун маркази пешбари корпоратсияи «Abakus» эътироф шудааст.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон 250 кӯдаки аз 6 то 16-соларо аз 10 кишвари ҷаҳон қабул мекунад. Ҳамзамон дар баробари он, комиссияи махсус оид ба эҷоди техникии «RoboLiga Asia 2018» месобиқа мегузаронад.
Дар доираи Олимпиада барои меҳмонон ва сокинони Тоҷикистон экскурсия ба ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Барои омӯзгорону роҳбарон ҳамоишҳо ташкил карда шуда, барои волидон равоншиноси кӯдакон даъват карда мешавад.
Ҳамчунин дигар намудҳои чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ низ ба нақша гирифта шудаанд.
Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарикӣ бо ширкати мобилии Tcell, ширкати ҳавоии «Сомон Эйр», Корхонаи алюминии «Талко», ширкати суғуртавии «Bima Insurance», «Kazkom-Тоҷикистон», «Knauf» ва «Газойл» гузаронида мешавад.











Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






