Имрӯз кормандони вазорату идораҳои дахлдор ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд

Май 5, 2018 07:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз  дар боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва  миёнаи касбӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» доир мегарданд.

Тавре Каримҷон Салимзода аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  тибқи нақшаи тасдиқшуда, 5 май кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар «Боғи ҷавонон», Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар Боғи «Парчами давлатӣ», Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Боғи ба номи устод «Рӯдакӣ», Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Боғи ба номи «Садриддин Айнӣ», Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо, майдончаҳои варзишии Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба машқҳои оммавӣ – варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

Май 5, 2018 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад