ИМРӮЗ СОКИНИ 9-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ДУНЁ ОМАД! Пешвои миллат падару модари кӯдаки навзод ва тамоми аҳолии мамлакатро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, муқаррар карда шуд.
Субҳи 26 майи соли 2018 тифле, ки аҳолии мамлакатро ба 9 миллион расонид, муайян гардид.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, модари тифл сокини шаҳри Душанбе, истиқоматкунандаи кўчаи Асадулло Ғуломов, М2, ҳуҷраи 14 Назира Муллоҷонова, соли таваллудаш 1990 мебошад.
Назирабону соҳиби 1 фарзанд буда, фарзанди дуюмаш аҳолии ҷумҳуриро ба 9 миллион расонид. Тифли навзод имрўз соати 06-30 дақиқа дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омад.
Вазни духтарча 3 киллограму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.
Назира Муллоҷонова мутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда, маълумоташ олӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд.
Назира Муллоҷонова баъди аз таваллудхона баромадан ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нави хеш гусел карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси Раиси шаҳр манзили зисти тифли 9 миллиона бо тамоми ашёи рўзгор таъмин мегардад.
Аҳли хонавода ва падару модари Назирабону ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе миннатдории худро баён намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистонро ба муносибати ба 9 миллион нафар расидани аҳолии мамлакат табрик карданд.
Аксҳо: АМИТ «Ховар»












Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ






