Изҳороти донишҷӯёни тоҷик дар Туркия

Май 30, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тӯлонӣ гардидани нооромиҳо дар кишварҳои алоҳидаи Шарқи Наздик ва ҳаракати он ба сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистони азизро мушоҳида намуда, мо низ дар кишвари дӯсту бародари Туркия бетараф буда наметавонем.

Мо, ҳар гуна талошҳои зӯроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои муғризона, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар кишвари азизамон гардад, қотеъона маҳкум менамоем. Дар ин миён, фаъолиятҳои хориҷии созмони террористии наҳзат ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик ва Тоҷикистон набуда, таҳдиди бузурге ба субот ва шукуфоии кишвар мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати пойдор бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду шукуфоӣ дар ҳаракат аст ва моро лозим меояд, то ин равандро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда кишвари ободу  зебо ва қавиро ба мерос гузорем.

Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки маҳз бо таҳрики созмони террористии наҳзат сар зада, боиси талафоти ҷонӣ ва харобиҳои сангин гардида буд, ҳанӯз аз ёдҳо нарафтаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ — саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба сабаби надоштани ҳимояи мардумӣ ва пайравӣ аз ҳадафҳои ғаразноки барои мардуми мо номатлуб ноком гардида буданд.

Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки мегӯяд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Ҷавонон имрӯз дигар ба тарғиботу ташвиқоти муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ дода намешаванд.

Мо донишҷӯёни тоҷик ба волидайн ва Ватани азизи худ қавл медиҳем, ки ба гуфтаҳои душманони миллати тоҷик гӯш надода, таҳсили худро дар кишвари дӯсту бародари Туркия бо муваффақият хатм карда, барои хизмат ба миллати хеш бо сари баланд ба Ватани маҳбубамон бармегардем.

Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия

 

Май 30, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд