ИЖТ роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар»-ро бо медали «100-солагии Матбуоти тоҷик» сарфароз гардонид
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва се нафар корманди фаъоли Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо медали «100-солагии Матбуоти тоҷик» сарфароз гардиданд. Медали ҷашниро, ки соли 2012 ба муносибати 100-солагии таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик таъсис дода шудааст, дар маросими ботантана Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, ки ҳамзамон директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мебошад, ба кормандони АМИТ «Ховар» тақдим намуд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба бархе аз кормандони хабаргузории давлатии Тоҷикистон «Ховар», ки ба узвияти Итифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд, шаҳодатнома супорид.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо ҳайати эҷодию техникии АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» доир ба фаъолият ва ҳадафу дурнамои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон сухан кард. Мавсуф афзуд, ки баъди баргузории Анҷумани 12-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз навбақайдгирии аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оғоз гардид ва то ба имрӯз аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳудуди 1000 нафар рӯзноманигорон узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардиданд.
Дар анҷом Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ҳайати эҷодию техникии АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» дар самти иҷрои рисолати касби пуршарафи рӯзноманигорӣ комёбӣ таманно карда, хостори таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди АМИТ «Ховар» бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардид.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






