Кӯлоб: Хоҳишмандон имкон доранд аз рӯи 32 ихтисос касб омӯзанд

Май 24, 2018 15:57

ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  дар назди Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» -и  шаҳри Кӯлоб курсҳои кутоҳмуддати семоҳа,  аз ҷумла,  дузандагӣ, зардузӣ, қӯроқдузӣ, атласбофӣ, кашидадузӣ,  курпачадузӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки хоси занону модарони тоҷик аст,   ба роҳ монда шудааст.

Тавре директори  ин муассиса Бурихон Тағоев иброз дошт, мақсад аз ташкил ва ба роҳ мондани курсҳои кутоҳмуддат, пеш аз ҳама,  ҷалби ҷавонондухтарон ва занони хонашин  ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

«Алҳол  дар муассиса 12 адад мошинаи дарздузӣ  мавҷуд аст. Мо ба масъалаи рушди базаи моддию техникии марказ диққати зарурӣ дода, бо дастгирии   Муассисаи давлатии «Маркази  таълимии калонсолони Тоҷикистон» бо  ду адад дастгоҳи адрасбофӣ таъмин гардидем. Хамчунин барои ҷавонони касбомӯз дар  устохонаи    таъмири автомобилҳо тамоми шароитҳои  замонавӣ  муҳайё  гардидааст»,-гуфт Б.Тағоев.

Ёдовар мешавем, ки маркази мазкур тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ фаъолиятро ба роҳ монда, аз рӯи 32 ихтисос иҷозати ташкил ва гузаронидани курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзиро доро мебошад. Бо мақсади ташкил ва ба роҳ мондани касбомӯзӣ ва шаҳодатномакунони Маркази номбурда, шартномаи ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Заршедабону» ва «Накӯкор» ба роҳ монда, дар соли сипаригардида ба 340 шаҳрванд сертификати тахассусӣ  додааст.

Май 24, 2018 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд