Каратечиёни Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11-13 май дар ҷазираи Окинаваи Япония Чемпионати Осиё оид ба карате WKF миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои ширкат дар Чемпионати Осиё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 варзишгар – Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (60 кг), Ҷавоҳир Ҳайдаров (84 кг) миёни варзишгарони то 21-сола ва Муҳаммад Тешаев (55 кг), Алишер Қаюмов (76 кг), Абдуваҳҳоб Шаропов (61 кг) миёни наврасон таҳти роҳбарии мураббӣ Вадим Ҷо Чун-си ба Япония сафар карданд.
Хотиррасон менамоем, ки ғолибону ҷоизадорони қувваозмоиҳо миёни наврасон дар баробари медалҳо ҳамчунин ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии наврасон, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина доир мегардад, соҳиби холҳо мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






