Китобу аксҳои бозгӯкунандаи таърихи пурғановати халқи тоҷик дар Қазоқистон ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Таърихи пойтахтҳои ҷаҳон»-таҳти чунин унвон 21-22-юми майи соли 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба 20-солагии шаҳри Остона намоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши байналмилалӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода муаррифӣ кард.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон ва Китобхонаи миллии академии Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, дар он директорони зиёда аз 15 китобхонаи ҷаҳон, аз ҷумла директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода иштирок ва дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон: тамоюл ва ташаккул» маърӯза намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобу аксҳои бозгӯкунандаи таърихи пурғановати халқи тоҷик ва муносибати дӯстию бародарии тоҷику қазоқ ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хеле хуб пазироӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






