Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи интихоботи миёнадавриро муайян кард
ДУШАНБЕ, 29.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таъйин намудани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, Суғд №2 ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот баррасӣ гардиданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботро дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, Суғд №2 ба рӯзи 27 июли соли 2018 таъйин намуд.
Ҳамзамон Комиссия дар ҳавзаҳои зикргардида комиссияҳои ҳавзавии интихоботиро ташкил намуда, ҳайъати онро муайян кард. Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии мазкур тасдиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли равон ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиматгул Алибердиева, Наим Набизода ва Абдураҳмон Қодирӣ пеш аз муҳлат қатъ гардиданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






