Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо қабули Эъломияи Душанбе кори худро ҷамъбаст намуд

Май 4, 2018 20:41

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баъд аз баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои муҳим бо қабули Эъломияи Душанбе ба кори худ хотима бахшид.

Зимни муҳокима ва қабули Эъломияи Душанбе муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов мулоҳизаҳои худро баён карданд. Таъкид гардид, ки ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конфронси имрӯза шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм, пешгирии хатарҳо ва таъмини амният дар ҳамаи сатҳҳо ҳамеша омода мебошад.

Баъди қабули Эъломияи Душанбе оид ба натиҷаҳои кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд барои доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ изҳороти матбуотӣ дода шуд.

Хотиррасон мешавем, ки дар кори конфронс ҳайати роҳбарикунанда ва намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Венгрия, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Ливия, Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Умон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво дар Конфронси байналмилалии   «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки таҳия, татбиқи пешниҳодҳо ва тавсияҳои муштарак дар конфронси имрӯза баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мувофиқи мақсад аст.

Акрам САНГЗОДА,
Тоҳир САИД,
хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Май 4, 2018 20:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад